ТАҲАВВУЛИ МАВЗӮЪ ВА МАЗМУН ДАР ҒАЗАЛИЁТИ ШОИРОНИ ТОҶИКИ ӮЗБЕКИСТОН

Authors

  • Меҳмон Нарзиқулов

Keywords:

ишқ, ошиқ, нафс, рӯҳ, ғазал, дарки фалсафӣ, афкори иҷтимоӣ.

Abstract

Шеър дар даврони истиқлоли Ӯзбекистон вориди маҷрои нав гардид. Дар муддати хеле кӯтоҳ шеъри нави форсӣ-тоҷикӣ аз шеъри даҳсолу бист сол пеш фосила гирифт ва ин фосилагирӣ ҳам дар мазмуну мӯҳтаво ва ҳам дар шаклу қолиби шеъри ин давра намудор гардид. Шоироне чун Паймон, Абдулло Субҳон, Ҷаъфар Муҳаммад, Нормурод Каримзода, Фозил Шукурзод, Зебо Тоҳириён, Шоҳид, Озармеҳр, Хоҷа, Парисо, Саидаи Синавӣ, Асадуллоҳ, Шаҳзода, Дилшоди Фарҳодзод, Олим Панҷизода, Расулбеки Аҳмадзод, Солеҳ Муҳаммад, Одил Комил, Файз Маҳмуд, Хусрави Саъдуллоҳ ва дигарҳо бо ашъори шоёни худ ба арсаи адабиёти давраи истиқлол қадам ниҳоданд. Шоирони номбурда бо шеъри баланду дарки масъулият по ба арсаи адабиёт ниҳоданд. Шоирони ин давраро метавон аз рӯи мӯҳтаво ва шакли ашъорашон ба се гурӯҳ ҷудо намуд: шоироне, ки майл ба шеъри суннатӣ доранд; шоироне, ки майл ба шеъри модерн доранд ва шоироне, ки ҳам шеъри модерн ва ҳам шеъри суннатӣ мегӯянд.

References

Абдулғанӣ Мирзоев. Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X – XV. Дар китоби “Сездаҳ Мақола”. – Душанбе: Ирфон, 1977, саҳ. 5 – 52.

Сафарзода, Ҳабиб. Форсисароёни Ӯзбекистон. Теҳрон: Ал-Ҳудо, 1388 ҳ.ш. 232

А.Қамарзода ва дигарон. Адабиёт. Китоби дарсӣ барои хонандагони синфи 11–уми мактабҳои таълими умумӣ. – Т.: Ӯзбекистон, 2005, саҳ. 231.

Ҷаъфар Муҳаммад. Таҷаллӣ. – Т.: Доиратулмаорифи миллии Ӯзбекистон, 2008, саҳ. 33.

Ҷонибек. Чароғи сухан. – Душанбе: Адиб, 2010

Паймон. Шабоҳанг. – Т.: Шарқ, 2012, саҳ. 36

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Р.Ҳодизода ва Алии Муҳаммади Хуросонӣ. – Душанбе: Адиб, 2007, 416 саҳ.

Қурбониён Р. Вазни шеъри Ҳофиз. – Ховар, № 3, 1-15 феврали соли 2013, саҳ. 10.

Нормурод Каримзода. Авроқи дил. – Т.: Ӯзбекистон Ёзувчилар уюшмаси Адабиёт жамғармаси нашриёти, 2004

Низомии Ганҷавӣ. Куллиёт: Иборат аз 5 ҷилд. Ҷилди V. – Душанбе: Ирфон, 1984

Саъдиев С., Самадов А. Адабиёт. Китоби дарсӣ барои синфи 10-уми мактабҳои таҳсили ҳамагонӣ. – Т.: ХЭТН “O’ZBEKISTON”, 2005, саҳ. 171 – 183

АбдуллоТоҳириён, МеҳмонНарзиқулов. Ғазал ишқи ва ишқ ғазали (ЖаъфарМуҳаммад ғазалларига чизгилар). Тошкент: 2015,саҳ.112

Downloads

Published

2024-05-30