ИҚТИБОСВОЖАҲО ВА ОМИЛҲОИ ҲАМГУНШАВИИ ОНҲО
Main Article Content
Abstract
тазаккур бояд дод, ки аз як забон ба забони дигар гузаштани калимаҳо барои инкишоф ва нашъунамои забонҳо мусоидат мекунад. Муҳимияти ин зуҳурот дар осори лингвистии бисёр муҳаққиқони ватанию хориҷӣ зикр гардидааст. Ғановатмандии таркиби луғавӣ аз ҳисоби калимаҳои забонҳои дигар дар натиҷаи таъсири тарафайни забонӣ ба вуҷуд омада, ин қабил вожаҳо бештар зимни муносибатҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ба забон роҳ меёбанд. Профессор Ҳ. Маҷидов ба нақши вожаҳои иқтибосӣ дар инкишофи таърихии таркиби луғавии забонамон баҳои ҳаққонӣ дода, навиштааст: «Мақоми ин ё он халқро дар инкишофи тамаддуни халқи дигар аз рӯйи миқдори умумии калимаҳое, ки забони он ба забонҳои дигар додаст, ба осонӣ муайян кардан мумкин аст. Дар иқтибосҳои луғавии забонҳои олам осори робитаҳои мухталифи байни онҳо мушоҳида мешаванд. Ҳар як калимаи иқтибосии таркиби луғавӣ гувоҳи зиндаи ин ё он ҳодисаи таърихи гузаштаи соҳибони он аст».
Article Details
References
Кабир Ш. Роҷеъ ба масоили ҳамнишинии вожаҳо//Ахбороти АФ ЧД Серияи Шарқшиносӣ, таърих, филология.- 1991.- № 4.30 с.
Кабиров Ш. Луғати омонимҳои забони тоҷикӣ. - Душанбе: Маориф, 1992. -240 с.
Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири точик. -Ҷ. 1. -Луғатшиносӣ. -Душанбе: Деваштич, 2007. - 244 с.
Муҳаммадиев М., Очеркҳо оид ба лексикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. -Душанбе: Ирфон, 1968. - 63 с.
Муҳаммадиев М., Талбакова X,., Нурмуҳаммадов X. Лексикаи забони адабии тоҷик. Маводи таълимӣ. -Душанбе, 1997. -189 с.
Реформатский А.А. Введение в языковедение. (Под ред. В.В.Виноградова). -М.: Аспект Пресс, 1998,- 536 с.
Фарҳанги забони тоҷикӣ (дар зери таҳрири М. Шукуров, В.А. Капранов ва диг.). -М.: Советская энциклопедия, 1969. 1- 952 саҳ., - Ҷ,. 2. - 900 с.